Як қадам ёр аз сари ҷавру ҷафо ҳаргиз нарафт,
Як қадам ёр аз сари ҷавру ҷафо ҳаргиз нарафт,
Ҷон зи дардаш рафту дард аз ҷони мо ҳаргиз нарафт.
Дар ҳариму васлаш, эй дил, кай нузул афтад туро,
К-андар он манзил дил аз бими сабо ҳаргиз нарафт.
Бо бараш гулро чӣ нисбат, к-он тани гулбарги ӯ
Аз дами боди парешон бар ҳаво ҳаргиз нарафт.
Чун кунам ташбеҳ бо сарваш, ки он сарви баланд
Қомате дорад хиромон, дар қабо ҳаргиз нарафт.
Пой бар ҷо доштам чун шамъ дар шабҳои ҳаҷр,
Оташам гар бар сар омад, по зи ҷо ҳаргиз нарафт.
Ман саволе мекунам з-он дар, магар ёбам ҷавоб,
Соиле чун з-остонаш бенаво ҳаргиз нарафт.
Нолаи Носир шаб аз хоби хушаш бедор кард,
Гуфт: Як дам аз дари мо ин гадо ҳаргиз нарафт.