Чашми ту аз мо хатое диду абрӯ чин гирифт,
Чашми ту аз мо хатое диду абрӯ чин гирифт,
Ҳоҷибат овард аз туркон сипоҳу Чин гирифт.
Зулфи ту чун ҳиндувон оташпарастӣ пеша кард,
Хоби хуш бодат, к-аз оташ бистару болин гирифт.
Мерасад пайки сабову мужда меорад, ки боз
Мулки ҳафт иқлимро султони фарвардин гирифт.
Аз самоъи мурғ рақсон шуд чанору дастзан
Ҷайби гулро чок карду домани насрин гирифт.
Ҳар дамам талхӣ ки зоҳид мечашонад, ҳаст нӯш,
Эй хушо ринде, ки бар каф бодаи нӯшин гирифт.
Модари айём ҳар шире, ки бо Фарҳод дод,
Кай расад бо соғари шире, ки аз Ширин гирифт?
Носиро, гар ошиқӣ, ҷонро ба талхӣ деҳ чу ҷом,
Шарти ошиқ нест дар дил завқу ҷон ширин гирифт.