Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Чу бод гар зи сари кӯйи ёр хоҳам рафт,

Чу бод гар зи сари кӯйи ёр хоҳам рафт, Ба сӯйи равзаи Ризвон чӣ кор хоҳам рафт? Маро зи рӯзи шумор, эй фақеҳ, кам тарсон, Ки ман ба дайри муғон бешумор хоҳам рафт. Шароб хӯрдаму пӯшида меравам дар шаҳр, Агар ту манъ кунӣ, ошкор хоҳам рафт. Ба рӯзи маргам агар дар канори хок ниҳанд, Зи гиря хуни дил андар канор хоҳам рафт. Ба доғи ҳаҷр агар аз диёри дӯст равам, Ҳамон шикастадилу дӯстдор хоҳам рафт. Ҷавоби таънаи ағёр агар зи ман пурсӣ, Ҳамин бас аст, ки дар ишқи ёр хоҳам рафт. Чунон зи ишқи ту андар ғубори дил мондам, Ки ҳамчу оина зери ғубор хоҳам рафт. Бисоз чораи корам, ки рафт кор аз даст В-агар малул шавӣ, ман зи кор хоҳам рафт. Зи сӯзи меҳри ту Носир бисӯхт чун Мансур, Чу сирри ишқи ту гуфтам, ба дор хоҳам рафт.