Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дилам воқиф набуд он дам, ки ҷон рафт,

Дилам воқиф набуд он дам, ки ҷон рафт, Тан ин ҷо рафту ҷон бо корвон рафт. Фитодам хаставу марҳам ҷудо шуд, Бимондам ташнаву оби равон рафт. Замин будам, маро афтода бигзошт, Қамар буд ӯ магар, бар осмон рафт. Сарам аз ғайрати он гард шуд хок, Ки наъли бодпойи ӯ бар он рафт. Ҳамегуфтам инони ӯ бигирам, Дар ин будам, ки аз дастам инон рафт. Миён, эй сорбон, бигшою биншин, Ки сели абри чашмам бекарон рафт. Диламро бар ҳаюн ҳамчун ҷарас банд, Ки сад фарсанг аз ӯ хоҳад фиғон рафт. Агар Носир зи ҳиҷрон гард гардад, Ҳанӯз андар пайи ӯ метавон рафт.