Бо гул сухани ҷамоли ӯ рафт,
Бо гул сухани ҷамоли ӯ рафт,
Гулро ҳама лофи рангу бӯ рафт
Сарваш чу бидид бар лаби ҷӯй,
Оби рухи ӯ чу оби ҷӯ рафт.
Ашк аз назарам фитод бар хок,
Чун аз назарам хаёли ӯ рафт.
Бар чеҳра фитод з-оби рӯ гард,
Доман бигирифту обрӯ рафт.
Мерафт ба рӯйи зар, аҷаб нест,
Қорунсифат, ар замин фурӯ рафт.
Соқӣ, қадаҳе бидеҳ, ки дар хок
Бисёр чу мо баду накӯ рафт.
Носир сифати миёни ӯ кард,
Бисёр сухан чу тори мӯ рафт.