Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Хабари ёр ба ағёр намеёрам гуфт,

Хабари ёр ба ағёр намеёрам гуфт, Ганҷҳо дораму бо мор намеёрам гуфт. Дарди ёре ба дили хастаи мо афтодаст, Дарди ёре, ки ба дайёр намеёрам гуфт. Сухани ростии сарву хиромидани кабк Пеши он қомату рафтор намеёрам гуфт. Гард аз пойи ту хоҳам, ки бирӯбам ба мижа, Лек бо гул сухани хор намеёрам гуфт. Лутфи ту андаку бисёр ба ҳар кас бирасад, Дигар аз андаку бисёр намеёрам гуфт. Бо дил аз рафтани дилдор бигӯяд Носир, Хабари марг ба дилдор намеёрам гуфт.