Чӣ аҷаб лутфу мизоҷ аст дар обу хокат,
Чӣ аҷаб лутфу мизоҷ аст дар обу хокат,
Ки хирад менатавонад, ки кунад идрокат.
Варақи лола бар андоми гулу шамшод аст,
Ё қабо бар тани гулгуну тани чолокат.
З-он шудам куштаи тири ту, ки бинам худро,
Ғарқи хун гаштаву овехта бар фитрокат.
Пок бодо рухи некӯи ту аз чашми бадон,
То зиёне накунад дидаи ҳар нопокат.
Ҷумла ғамҳои ҷаҳон аз ту дилам диду ҳанӯз
Ман бар онам, ки мабинод касе ғамнокат.
Оқибат чашми ту аз хуни дилам бок надошт,
Оҳ аз он хунии беоқибати бебокат!
Гар ту хоки дари он моҳ бибӯсӣ, Носир,
Гузарад мартаба аз доираи афлокат.