Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Шамъи Эрон гӯямат ё моҳи Тӯрон хонамат,

Шамъи Эрон гӯямат ё моҳи Тӯрон хонамат, Қиблаи дил донамат ё Каъбаи ҷон хонамат. Халқ дар осоишанд аз ҳусни рӯят, лоҷарам, Раҳмати Парвардгору лутфи Яздон хонамат. Ҳамчу ақле дилфирӯзу ҳамчу ҷоне ногузир, Хуштар аз ҷони ҷаҳон он чист, то он гӯямат?! Хонамат фирдавс, то аз чеҳра бардорӣ ниқоб, Дар ду лаб чун рӯҳбахшӣ, оби ҳайвон хонамат. Дар вафо бунёди меҳру дар сафо бунёди ҳусн, Дар макорим айни лутфу кони эҳсон хонамат. Равнақи майдон зи тусту зинати лашкар туйӣ, Шаҳсавори лашкару хуршеди майдон хонамат. Чун кашӣ дар базм бода, гӯямат Ҷамшеди вақт, Чун кунӣ бар рахш ҷавлон, пури Дастон хонамат. Чун Сулаймон гарчи дорӣ ҳукм бар деву парӣ, Сад Сулаймонӣ ба рутбат, гар Сулаймон хонамат. Чун ба хубӣ ҷумла хубон бандаи ҳусни туанд, Подшоҳи дилбарону шоҳи хубон хонамат. Сӯи хешам хон, ки ман хонам туро ошиқнавоз, Сӯи ман бихром, то сарви хиромон хонамат. Аз рухи гетигушо Маҳдии олам донамат В-аз лаби муъҷизнамо Исии даврон хонамат. Гӯш кун ашъори Носир, боздон асрори ӯ, То миёни мардумон шоҳи сухандон хонамат.