Пистаро лаб шиканад он даҳани хандонат,
Пистаро лаб шиканад он даҳани хандонат,
Мағзи бодом кашад чашми хуши фаттонат.
Гарчи шуд равшании хони фалак аз хуршед,
Қурси хуршед надорад намаке аз хонат.
Гар шавам мӯеву в-ар синаи ман бишкофӣ,
Биниҳам ҳамчу қалам сар ба хати фармонат.
Агар, эй дурри гаронмоя, ду олам бидиҳанд,
Ман, ки саррофи ҷаҳонам, надиҳам арзонат.
Ҳеч пӯшида нашуд меҳри ту дар синаи ман,
Офтобӣ, натавон кард ба гил пинҳонат.
Гар сарам рафт, мабод аз сари ту мӯе кам,
Ҷони ман, ҷони ҷаҳон бод фидои ҷонат!
Дами Носир, ки ҷаҳонро чу сабо мушкин кард,
Ёфт бӯе зи сари турраи мушкафшонат.