Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ҷон ҷавҳари пок асту тан ар сарви равонат,

Ҷон ҷавҳари пок асту тан ар сарви равонат, Тан пеши танат резаму ҷон бар сари ҷонат. Ту дар дили ман сокину ман дар талаби ту, Ҷӯён шуда фарёдзанон гирди ҷаҳонат. Дар хок биҷӯяд дили ман рӯзи аҷалро, Ёбад магар аз ҷон лаби ман бӯйи даҳонат. Мӯе накунӣ фарқ миёни ману мӯят, В-он низ ба фарқи ту, ки ҳам ҳаст миёнат. Абрӯт камону мижа тир аст, раҳо кун, То бӯса диҳад сайди ту бар тиру камонат. Ту нори Халилию тани ман бути Озар, Сӯзад даҳани ман, агар орам ба забонат. Эй ошиқи фарзона, ки сарриштаи тақдир Дар гирди ҷаҳон май бибарад гарди ҷаҳонат. Ҷӯёни Шуайбӣ, бибур аз суҳбати Фиръавн, То мор асоят шаваду гург шубонат. Носир ба яке кому забон аз ту чӣ гӯяд, Савсан ба забонҳо накунад шарҳу баёнат.
Ҷон ҷавҳари пок асту тан ар сарви равонат, | Шоирон