Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дилам, ки чун сари зулфи ту меравад бар бод,

Дилам, ки чун сари зулфи ту меравад бар бод, Ба доми ишқ дарафтод, ҳар чӣ бодо, бод! Маро, ки сояи худ маҳрам асту он ҳам ҳеч, Маро, ки боди сабо ҳамдам асту он ҳам бод. Харобии дилам аз ганҷи ишқ обод аст, Ки ганҷи ишқи ту дорад дили харобобод. Ба ёди лаъли ту додем ҷони ширинро, Ба кӯҳи ҳаҷр дарафтодаем чун Фарҳод. Ба сайди оҳу сайёд кай тавонад рафт, Ки чашми оҳуи ту сайд мекунад сайёд. Магар ту ҳури биҳиштӣ, ки аз нажоди башар Назод чун ту паричеҳраву фариштанажод. Ба гӯши дилбар фарёди мо расид, вале Аз он чӣ суд, ки дилбар намерасад фарёд! Агар ба хорӣ шуд хоки роҳи ӯ Носир, Зи хоки роҳ ғуборе ба доманаш марасод.