Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ман уфтодаву анфоси рӯҳпарвари бод,

Ман уфтодаву анфоси рӯҳпарвари бод, Чу бод бар ту гузар мекунад, ҳаромаш бод! Шаби фироқу ғарибиву ишқу танҳоӣ, Чӣ шуд, ки бар мани бечора ҳар чаҳор афтод? Сиришки дидаи ман ҳамчу об мехонад, Ки солҳо ту наёрӣ ба нома аз ман ёд. Ғуломи ишқи ту аз ҳар ду кавн озод аст, Касе зи модари фитрат чунин назод озод... Зи нақшбанди азал ақлу ҳуш ҳайронанд, Ки дар шамоили хуби ту доди хубӣ дод. Чу бод меравад андар рикоби ту Носир, Чӣ гуна сабр кунад, умр додааст ба бод!