Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Медиҳад бод аз ту бӯе, офарин бар бод бод!

Медиҳад бод аз ту бӯе, офарин бар бод бод! Ман ба бӯят медиҳам умри гиромиро ба бод. Бар дилам бедоди чашми масти ту аз ҳад гузашт, Доди худ гуфтам ситонам аз лабат, додам надод. Дидам аз чашмат, ки бандад хоби мардумро ба сеҳр, Ҳеч нашнидам, зи зулфат кори мискине гушод. Номуроде чанд савдои ту меварзанду нест Ҳаргиз аз васли ту ҳосил номуродеро мурод. Анкабутеро магас дар дом меафтад, вале Кас нишон надҳад, ки симурғе ба доме уфтод. Он чи аз дарди фироқат дӯстонро бар дил аст, Рӯзи ҳиҷрони ту рӯзӣ ҳеч душманро мабод! Нақши ҳар ҳарфе, ки мехонад хирад аз хатти ёр, Бар баёзи дида Носир мекунад онро савод.
Медиҳад бод аз ту бӯе, офарин бар бод бод! | Шоирон