Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Пой берун зи ҳадди хеш ниҳод

Пой берун зи ҳадди хеш ниҳод Зулфи ту, сар аз он диҳад бар бод. Бандаи туст, ҳар куҷо сарвест, Банда бисёр кардаӣ озод. Рӯй бинмудию ғамам бирбуд, Зулф бикшодиву дилам бикшод. Гарчи меҳрат зи мо барорад гард, Ҳеч гарде ба доманат марасод! Бар миёнат чу гавҳар овезад Ҳар киро ҷавҳарест чун пӯлод. Тамаъи хоми ман ҳавас мепухт, Ки дилам гардад аз висоли ту шод. Дидамат худ, ки аз фаромӯшон То гузар бошадат, наёрӣ ёд. Ман лабат дар забон намеронам, Пойи Ширину бӯсаи Фарҳод. Умри он кас, ки саъйи ҳиҷрон кард, Бод ҳамчун дилам харобобод! Ҳар замон дар ғам уфтад Носир, Чӣ тавон кард, толеъ ин афтод!