Як нафас, эй боди сабо, ҳамчу бод
Як нафас, эй боди сабо, ҳамчу бод
Азми ту то куйи дилором бод!
Гар ба дари дӯст қабулат бувад,
Рост бувад ин, ки қабул аст ёд.
Пеши муроди дилу мақсуди ҷон
Арза диҳӣ дарди дили номурод.
Аҳди маро ёр фаромӯш кард,
Рафт басе аҳду наёвард ёд.
Дод надод он бути бедодгар,
Дод ҷафокорию бедод дод.
Қаҳр, ки аз ёр бувад, беҳ зи лутф,
Зулм, ки аз дӯст бувад, беҳ зи дод.
Носир агар нома нависад ба дӯст,
Мекунад аз дида баёзу савод.