Ман агар хок шудам, оби шумо равшан бод,
Ман агар хок шудам, оби шумо равшан бод,
Сар агар аз ту кашам, теғи ту бар гардан бод!
Ҳаққи суҳбат, ки миёни ману ту муҳкам шуд,
Гар фаромӯш кунам, лаънати Ҳақ бар ман бод!
Ман зи ғайрат назар аз ғайри ту бардӯхтаам,
Гар ба ғайрат нигарам, ҳар мижаам сӯзан бод!
Дар фироқи ту агар хок шавам, чист вуҷуд?
То абад гарди таманнои ту бар доман бод!
Гар пароканда шавам аз сари кӯят чу ғубор,
Дили мискини маро хоки дарат маскан бод!
Суҳбат аз дӯст буридиву ба душман пайваст,
Дӯстдорони туро мартабаи душман бод!
Ғарқи хун, Носир, агар бе ту чу гул бар хор аст,
Сарви ман, ҷойи ту ҳар ҷо, ки бувад, гулшан бод!