Ҷон бар лаби лаълаш чу магас бар шакар афтод,
Ҷон бар лаби лаълаш чу магас бар шакар афтод,
Бо васли ту дил чун шаббае дар гуҳар афтод.
Кай даст занад дар камари суҳбати Ширин,
Фарҳод, ки бо дарди фироқ аз камар афтод.
Бо рӯи ту зад оби равон лофи латофат,
З–он рӯй маро оби равон аз назар афтод.
Ёқути равон дар назарам ҷой гирифтаст,
Аз ҷазъ басе лаъл, ки бар рӯйи зар афтод.
Он қатраи хай бар лаби гулранги ту гӯйӣ,
Аз абр наме бар рухи гулҳои тар афтод.
Бар чашмаи нӯшини лабат сабза дамидаст,
Ё худ пари тӯтист, ки андар шакар афтод.
Бадхоҳ барафтад, чу дарафтод ба Носир,
Ҳар кас, ки ба дарвеш дарафтод, барафтод.