Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

То акси ту аз равзанаи дида дарафтод,

То акси ту аз равзанаи дида дарафтод, Дар хонаи дил партави шамсу қамар афтод. Бисёр даровехт сабо бо сари зулфат, Мехост, ки берун ҷаҳад аз дом, дарафтод. Дар роҳи хатарноки ту гар дар дили ошиқ Ҷонро хатаре ҳаст, ба ҷон дар хатар афтод. Як раҳ гузар афтод маро бар сари кӯят, Ин кор, ки афтод, аз он раҳгузар афтод. Кай даст занад дар камари суҳбати Ширин Фарҳод, ки бо дарди фироқ аз камар афтод. Ҳар қатраи хун дар раги ҷон бодаи лаъл аст, З-он рӯй маро қатраи хун дар ҷигар афтод. Бадхоҳ дарафтад, чу дарафтод ба Носир, Ҳар кас, ки ба дарвеш дарафтод, барафтод.