Диламро дар занахдонат раҳ афтод,
Диламро дар занахдонат раҳ афтод,
Қадам аз раҳ бурун зад, дар чаҳ афтод.
Чу дар маҳтоб мерафтӣ хиромон
Зи рӯят тоб дар рӯйи маҳ афтод.
Нахӯрдам мева аз нахли баландат,
Дареғо, дасти умрам кӯтаҳ афтод.
Таҷаллӣ кард анвори ҷамолат,
К-аз он ҳайрат ба ҷони огаҳ афтод.
Чу лои нафй бар худ ронд Носир,
Ҳама исбот дар иллаллаҳ афтод.