Сад қатраи хун ҳар дам аз дидаи мо афтад,
Сад қатраи хун ҳар дам аз дидаи мо афтад,
Ушшоқи парешонро бингар, ки чиҳо афтад!
Дил аз ҳаваси холат бар зулфи ту мепечад,
Мурғ аз тамаъи дона дар доми бало афтад.
Гар қадди туро рӯзе дар боғ гузар бошад,
Ҳам бед шавад ларзон, ҳам сарв зи по афтад.
Дирӯз туро дидам аз бода фитон хезон,
Чун гул, ки ба ҳар сӯе аз боди сабо афтад.
Хоҳӣ, ки маро хирқа пайваста қабо бошад,
Бигзор бар андомат то чини қабо афтад.
Сар бар тани ман борест, ёрӣ бидеҳ аз теғам,
То бори гарон як дам аз гардани мо афтад.
Бисёр гадо ояд дар кӯйи ту чун Носир,
Лекин ба чунин зорӣ душвор гадо афтод.