Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Аз сабо гар дар сари зулфи ту чин хохад фитод,

Аз сабо гар дар сари зулфи ту чин хохад фитод, Дил ки дар Ҳиндустон гум шуд, ба Чин хоҳад фитод. Гар насими бениёзӣ хоҳад аз кӯят вазид, Оташе дар рӯзгори куфру дин хоҳад фитод. Гар хаёле аз гули рӯят фитад дар савмаа, Хор-хоре дар дили хилватнишин хоҳад фитод. То бинолад рӯи худ бар хоки кӯят офтоб, Ҳар саҳар аз боми гардун бар замин хоҳад фитод. Тохтӣ аспу намудӣ рух, дили ман мот шуд, Ман чӣ донистам, ки бозӣ инчунин хоҳад фитод. Ман яқин донам, ки ҷуз ном аз миёнат ҳеҷ нест, Гар камар бандӣ, гумоне дар яқин хоҳад фитод. Ин сухан охир нашуд, Носир, ҳанӯзу з-ин сухан Ҳасрате дар аввалину охирин хоҳад фитод.