Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Рухат гул асту қадат сарву турраат шамшод,

Рухат гул асту қадат сарву турраат шамшод, Чу шона дар сари зулфи ту бошам аз шам шод. Чу боди субҳ гузар кард дар чаман ғунча, Алассабоҳ ба дастон ҳазор дил бикшод. Фалак бисоту кавокиб чу муҳра дар шаш дар, Ту офтоб, ки дар ҳусн фаридию зиёд. Чу ғунчаро сари пайкон зи хун шуд олуда, Баромад аз дили пурхуни булбулон фарёд. Ҳубоб хайма пур аз бод мезанад бар об, Чунон ки абр зад аз об хиргаҳе бар бод. Ҳазор нола кунад ҳар саҳар зи дасти чинор, Вале чӣ суд, ки гул доди ӯ нахоҳад дод?!
Рухат гул асту қадат сарву турраат шамшод, | Шоирон