Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Гар партави хуршеди рухат бар қамар афтад,

Гар партави хуршеди рухат бар қамар афтад, Маҳ зери қадамҳои ту чун хок дарафтад. Ман зарраи торикаму ту меҳри мунаввар, Равшан шавам, ар сӯи манат як назар афтад. Чун лола ба хун ғарқ сар аз хок барорам, Рӯзе агарат бар сари хокам гузар афтад. Ҳар ҷой ки соқӣ ту шавӣ, бода чӣ ҳоҷат, Ҳар кас ки бибинад рухи ту бехабар афтад. Бо теғи мижа чашми ту ҳар ҷо, ки нихад рӯй, Дилҳо чу сари зулфи ту бар якдигар афтад. Чун писта агар лаб бикушоӣ ба табассум, Шӯри лаби ширини ту андар шакар афтад. Носир, ба раҳи ишқ марав тезу бияндеш, К–аз тезравӣ маркаби тозӣ ба сар афтад.