Занахдони ту гар ин аст, сад Юсуф ба чоҳ афтад,
Занахдони ту гар ин аст, сад Юсуф ба чоҳ афтад,
Назар бар қаддат андозанд, хубонро кулоҳ афтад.
Чу зулфи туст бахти ман, аз он доим парешон аст,
Надонам дар ҷаҳон касро чунин бахти сиёҳ афтад.
Наёмад дар барам қадди ту, боре хоки раҳ гардам,
Ки рӯзе сояи болои ту бар хоки роҳ афтад.
Агар чашми ту ноҳақ рехт хунамро, биҳил кардам,
Наарзад, к-аз чунин хун нозанине дар гуноҳ афтад.
Ман аз заъфу вуҷуди худ чу зарра то падидорам,
Куҷо хуршеди тобонро ба сӯйи ман нигоҳ афтад?!
Гар аз дасти ту дар поят фитодам, сар макаш аз ман,
Аҷаб набвад, агар дар зери пойи гул гиёҳ афтад.
Зи Носир ҷон талаб кардӣ, ба сад ҷон миннат аст, оре,
Раҳоварди гадоён гар қабули подшоҳ афтад.