Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

З-он оташе, к-аз ҳаҷри ту ҳар дам ба ҷони ман фитад,

З-он оташе, к-аз ҳаҷри ту ҳар дам ба ҷони ман фитад, Гар дам занам, хуршедро сад шуъла дар хирман фитад. Гуфтам шавам бо дарди ту яксон ба хоки раҳ, вале Ҳайф оядам, к-аз хоки ман гарде бар он доман фитад. Худро нишона кардаам пеши камони абруят, Бошад нишони давлате, к-аз тири ту бар ман фитад. Ҳар шаб хаёли рӯйи ту бар боми дил ояд, аз ӯ Дар хонаи торики тан акси маҳи равшан фитад. Бикшод чашмам равзане дар хилвати дил, то магар Ногаҳ зи хуршеди рухат нуре дар он равзан фитад. Хун шуд дили ман ғунчаваш, не, не, ки аз хори ҷафо, Айбам макун, гар ҳамчу гул чоке ба пироҳан фитад. Носир ҳама шаб ноладу халқе набинад хоби хуш, К-аз оҳи ӯ ҳамсояро оташ ба пироҳан фитад.