Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ҳавоят дар димоғи ман нагунҷад,

Ҳавоят дар димоғи ман нагунҷад, Хаёлат дар сари сӯзан нагунҷад. Ба зулфат дил набастам, з-он ки сагро Каманди шоҳ дар гардан нагунҷад. Ба доман чун чаконам гиря аз чашм, Ки касро баҳр дар доман нагунҷад. Дами ман дар дили сахтат нагирад, Ки ин оташ дар он оҳан нагунҷад. Сабо то дод гулро аз ту бӯе, Гул аз шодӣ ба пироҳан нагунҷад. Куҷо бинад рухатро чашми Носир, Ки он хуршед дар равзан нагунҷад.