Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дилам дар васли гулрӯе нагунҷад,

Дилам дар васли гулрӯе нагунҷад, Хасак бо настаронбӯе нагунҷад. Аз он дастам ба зери сар сутун аст, Ки андар зери паҳлуе нагунҷад. Ба чашмам з-оби дида сад харобист, Ки оби баҳр дар ҷӯе нагунҷад. Гуҳар гаштаст назмам, лек бе зар Ба гӯши ҳеҷ маҳрӯе нагунҷад. Тани ман гашт мӯе в-аз ту дур аст, Ки моро дар миён мӯе нагунҷад. Чаро бар дида кардӣ ҷой мижгон, Ба васли турк ҳиндуе нагунҷад. Наёбад раҳ ба кӯйи дӯст Носир, Саги девона дар кӯе нагунҷад.