Чунон пур шуд дил аз дилбар, ки дил дар бар намегунҷад,
Чунон пур шуд дил аз дилбар, ки дил дар бар намегунҷад,
В–агар гунҷад дилам дар бар, дар ӯ дилбар намегунҷад.
Агар парвонаи ишқӣ, дар оташ болу пар мезан,
Ки ин ҷо ҳазрати шамъ асту болу пар намегунҷад,
Туро заҳмат шуд, эй зоҳид, ки бишкастӣ сабӯи мо,
Ки ман з–он бода сармастам, ки дар соғар намегунҷад.
Рав, эй сӯфии рӯбаҳфан, ба пойи хум чӣ мегардӣ,
Ки зери пойи пили маст шери нар намегунҷад.
Маро гӯянд ёронам: Зи сар берун кун ин савдо,
Намедонанд, к–ин савдо маро дар сар намегунҷад.
Ба рӯйи зарду оби дида васлашро талаб кардам,
Бигуфт: Ин кори ташриф аст симу зар намегунҷад.
Агар бар Каъбаи васлаш тавофе мекунӣ, Носир,
Гузар аз нафси худ, к–ин саг ба масҷид дарнамегунҷад.