Васфи ту дар баён намегунҷад,
Васфи ту дар баён намегунҷад,
Бенишон дар нишон намегунҷад.
То ту дар ҷони ман гирифтӣ ҷой,
Ҷони ман дар ҷаҳон намегунҷад.
То зи меҳри ту моҳ равшан шуд,
Моҳ бар осмон намегунчад.
То ба қадди ту сарв монад рост,
Сарв дар бӯстон намегунҷад.
Кибр манъат ҳамекунад зи сухан,
Ё сухан дар даҳон намегунҷад?!
Чӣ бузург аст исми аъзами ту,
Ки маро дар забон намегунҷад.
Раҳ ба кӯи ту чун барад Носир,
Саг бар он остон намегунҷад.