Чу чашмат ҳеҷ оҳуе надорад,
Чу чашмат ҳеҷ оҳуе надорад,
Ки чашмат ҳеҷ оҳуе надорад.
Хиҷил шуд аз гули рӯйи ту лола,
Ки ранге дораду бӯе надорад.
Аз он дорад сар андар пеш наргис,
Ки дорад чашму абрӯе надорад.
Дилам аз дида ҷӯйи хун равон кард,
Ба ғайр аз дида дилҷӯе надорад.
Надонам дар ҷаҳон рӯеву рое,
Ки он бо роҳи ту рӯе надорад.
Сухан то гуфта шуд дар васфи рӯят,
Беҳ аз Носир сухангӯе надорад.