Лола аз оташи савдои ту доғе дорад,
Лола аз оташи савдои ту доғе дорад,
Ғунча аз бӯйи хушат тоза димоғе дорад.
Гулшани чашми ман аз хуни ҷигар гулзор аст,
Қомати сарви ту гар майл ба боғе дорад.
Роҳи дил гар чу шаби зулфи ту бошад торик,
Шамъи рӯйи ту далел асту чароғе дорад.
Зулфи мушкини ту зоғ асту ду чашмат «мо зоғ»
Чун камон гӯшаи абрӯи ту зоғе дорад.
Коми Носир агар аз ҷом фурӯғе гирад,
Ҳама аз мулкати Ҷамшед фароғе дорад.