Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ба назди аҳли назар ҳар кӣ дидае дорад,

Ба назди аҳли назар ҳар кӣ дидае дорад, Мудом дида зи рӯйи ту бар намедорад. Касе, ки дида ба дидори дӯст равшан кард, Ҳадиси таънаи душман ба гӯш мен-орад. Маро зи фурқати дилдори меҳрубон ҳар дам Зи кунҷи дидаи хунин ситора меборад. Ҳар он ки панди рақибон намекунад дар гӯш, Зи ганҷи суҳбати ёраш насиб кай дорад? Рақибро чӣ маҳал, то ки пеши суҳбати ёр Нишинад ӯву ба беҳуда роз бардорад?!