Зулфи мушкини ту занҷири балое дорад,
Зулфи мушкини ту занҷири балое дорад,
Баста ба ҳар сари мӯе сару пое дорад.
Дӯст он нест, ки тобад сари паймон аз дӯст
Дӯст он аст, ки бо дӯст вафое дорад.
Бенавое зи ғам ар нола кунад, маъзур аст,
Нола баҳри чӣ кунад най, чу навое дорад.
Чангро кард ғами ишқ раг аз парда бурун,
Бинавозаш, ки вай ин дард зи ҷое дорад.
Хоки кӯи туву оҳи дили ман, шоми фирок
Боғи равза-ст, ки аз мушк сабое дорад.
Тану пироҳани ту на тану пираҳани мост,
Гули сурист, ки аз лола қабое дорад.
Аз ман, эй хусрави хубони ҷаҳон, ор мадор,
Ки на ҳар шоҳ чунин турфа гадое дорад.
Дил ба дармон манеҳу дард каш, эй дил, зинҳор,
К-ин на дардест, ки уммеди давое дорад.