Мани ранҷурро уммеди васлаш зинда медорад
Мани ранҷурро уммеди васлаш зинда медорад
В-агарна дарди ҳаҷри ӯ маро як лаҳза нагзорад.
Нагардад шоми ман равшан, намирад сӯзи дил, гарчи
Зи оҳам меҷаҳад барқу зи чашмам сел меборад.
Маро чун сурма зери пойи худ суда-ст он дилбар,
Ҳанӯз аз саркашию ноз дар чашмам намеорад.
Зи сӯзи ишқи ӯ доғест дилро, к–он ҳамесӯзад,
Зи хори реши ӯ решест ҷонрову ҳамехорад.
Ҳаметарсам, к–аз оҳи дил хазон гардад гулистонаш,
Бигӯ, то хотири маҷрӯҳи булбулро наёзорад.
Раҳо кун соате, то дил миёни тоқи абрӯяш
Намозу ҳоҷати худро дар он меҳроб бигзорад.
Бигуфтам: Бори ҳиҷрони туро то кай кашад Носир?
Бигуфто: Ёр он бошад, ки бори ёр бардорад.