Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ба дӯст аз дили мискин саломи мо кӣ барад?

Ба дӯст аз дили мискин саломи мо кӣ барад? Бар остонаи васлаш паёми мо кӣ барад? Ҳикояти рухи гулгуни ту зи сели сиришк Ба сарви соявари хушхироми мо кӣ барад? Ҳадиси дарди дилу моҷарои қиссаи шавқ Ба хун навишта, бари ӯ саломи мо кӣ барад? Сабо чу ёр наёяд пас аз аҷал, ҳайҳот, Ба кӯйи дӯст ғубори изоми мо кӣ барад? Насими кӯйи ту гар н-оварад ба хоки лаҳад, Насими мушк ба сӯйи машоми мо кӣ барад? Туро забони шикоят дароз шуд, Носир, Миёни базмгаҳи хос номи мо кӣ барад?