Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Пири мо хирқаи худ дар гарави саҳбо кард,

Пири мо хирқаи худ дар гарави саҳбо кард, Хешро боз ба пиронасарӣ расво кард. Дар ҳама дайр касе нест ба қаллошии мо, То кадом аҳли дил аз лутф назар дар мо кард? Бандаи қомати сарвам, ки агар барг надошт, Номи озодагию ростравӣ пайдо кард. Оқибат аз ҳаваси соқию шоҳид Носир, Муфлиси майкада шуд в-аз ҳама истиғно кард.