Гар чораи тақдир ба тадбир тавон кард,
Гар чораи тақдир ба тадбир тавон кард,
Қайди дили девона ба занҷир тавон кард.
Гӯянд ба тақрир расон ҳолу дар ин ҳол
Ҳоли дили саргашта на тақрир тавон кард.
Ҳар хоби парешон, ки шаби ҳаҷри ту дидам,
Онро ба сари зулфи ту таъбир тавон кард.
Рӯзе бизанам дасту сари зулфи ту гирам,
То кай зи ғамат нолаи шабгир тавон кард?
Расмест, ки чашм аз мижа созад қалами мӯй,
Бошад, ки бар ӯ нақши ту таҳрир тавон кард.
Чун ғунча ба танг омадам аз хирқаи азрақ,
То чанд дар ӯ зарқ ба тазвир тавон кард?
Носир, агар он ёр хатопӯши қадим аст,
Худ гӯй, ки чандин ҳама тақсир тавон кард?!