Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ишқ пайдо шуду ин роз ниҳон натвон кард,

Ишқ пайдо шуду ин роз ниҳон натвон кард, Чун аён аст, дигар ҳеч баён натвон кард. Меравад дилбарам аз пешу равон дар пайи ӯ Чӣ бувад ҷони гиромӣ, ки равон натвон кард? Аз латофат ба рухат аз назари мост нишон, Тира гардад, ба рухи моҳ нишон натвон кард. Зоҳиди савмааро бар дари ҳар майкада сар Суд бояд, ки ҳама вақт зиён натвон кард. Чашму абрӯи ту чоки дили мо дӯхт ба тир, Оламе хаста бад-он тиру камон натвон кард. Чанд дашном диҳад пеши ту моро душман? Нест тасбеҳ, худ ин вирди забон натвон кард. Гар бибандӣ ту ба хунрезии Носир шамшер, Аз миёни ту ба шамшери карон натвон кард.
Ишқ пайдо шуду ин роз ниҳон натвон кард, | Шоирон