Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Буроқи барқ азми осмон кард,

Буроқи барқ азми осмон кард, Қатори пили ҷавҳаркаш равон кард. Фалак дилгарм шуд аз баҳри ғунча, Ҳаво аз абр гулро соябон кард. Чу чашми абр бар рӯйи гул афтод, Зи дида бар сари ӯ дурр фишон кард. Бидеҳ, соқӣ, ба дастам ҷоми лола, Ки махмурӣ рухамро заъфарон кард. Ба бонги арғанун даркаш аз он май, Ки аксаш нилуфарро арғавон кард. Саҳаргаҳ бо лаби ту ғунча зад лоф, Сабо бархост, хокаш дар даҳон кард. Чу наргис навбати мастист, эй ёр, Чу Носир чанд мастурӣ тавон кард?!