Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Бо ту баробарӣ рухи ҳуру малак накард,

Бо ту баробарӣ рухи ҳуру малак накард, Он кард чеҳраи ту, ки меҳри фалак накард. Аз шарқ то ба ғарб ба хубӣ ягонаӣ, Хуршед мулки худ ба касе муштарак накард. Бе абруи ҳилоли ту дил шодмон нашуд, Донам яқин, ки ид касе рӯзи шак накард. Бар ман шабе ба ҳаҷри ту ҳаргиз нагашт рӯз, То чашми ман зи гиря шумори самак накард. Хандон нагашт пиставу берун нашуд зи пӯст, То бар ҷароҳаташ лаби лаълат намак накард. Хат гарчи ҳаст душмани ҳуснат, сараш мабур, Кас доғи тира аз варақи моҳ ҳак накард. Носир наёфт ваҷҳи зар аз дору зарби ишқ, Саррофи ишқ ҳоли варо то маҳак накард.