Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ман намехохам, ки чашми ғайр дар ту бингарад,

Ман намехохам, ки чашми ғайр дар ту бингарад, Чашми бад ҳайф аст, к-андар рӯйи некӯ бингарад. Бод ҳар мӯйи мижа дар дида мили оташин, Гар ба нуқсон дар ҷамолат як сари мӯ бингарад. Ҳайратам ояд, ки боди субҳ дар кӯят вазад, Ё шаб аз равзан дарояд, моҳи он рӯ бингарад. Ҷони маҷрӯҳам тапад ҳар дам миёни хоку хун, Он замон к–аз ноз чашми ту ба ҳар сӯ бингарад. Ҳоҷати тиру камон набвад, фитад мурғ аз ҳаво, Дар паридан гар сӯйи он чашму абру бингарад. Гар назар кардам ба суйи лаъли нӯшинат, чӣ бок? Дидаи бемор, шояд, сӯи дору бингарад. Нақши бозу сохт Носир номи маймуни туро, Шавқ чун ғолиб шавад, дар нақши бозу бингарад.