Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ҳаво расми гуҳар боридан овард,

Ҳаво расми гуҳар боридан овард, Гул ойини шакар хандидан овард. Магар зад бар дилаш пайкони ғунча, Ки булбул шеваи нолидан овард?! Ба сар-бар лола ёқутин аёғе, Ба боғ аз баҳри май нӯшидан овард. Шароби ҷомро лаъли ту, соқӣ, Даруни ҷом дар ҷӯшидан овард. Мадеҳ боди саборо бар дарат бор, Ки ӯ расми ҳикоят чидан овард. Қадам зан, Носиру аз ҷон маяндеш, Муборизро, ки по бӯсидан овард.