Агар дилбар зи мо дил барнагирад,
Агар дилбар зи мо дил барнагирад,
Дили ман ғайри ӯ дилбар нагирад.
Агар зар дар миён набвад камарро,
Миёни дӯстро дар бар нагирад.
Сабо дам медиҳад гулро, валекин
Нахоҳад хӯрд дам, то зар нагирад.
Хаёли дӯст дар чашмам наояд,
Ки ӯро дида дар гавҳар нагирад.
Бирав, зоҳид, ту чун бодиву ман шамъ,
Дами сарди ту бо ман дар нагирад.
Ба танҳоӣ тавон мулке гирифтан,
Ки султон бо ҳама лашкар нагирад.
Дили Носир шавад чун ғунча пурхун,
Ба даври гул агар соғар нагирад.