Ғами олам махӯр, эй дил, ки олам ғам намеарзад,
Ғами олам махӯр, эй дил, ки олам ғам намеарзад,
Ба ғамгин гаштани як дил ҳама олам намеарзад.
Дурӯза умр дар олам чӣ бояд хӯрд чандин ғам?
Ки андӯҳи фаровонаш ба умри кам намеарзад.
Махӯр теғи ҷафои ӯ ба бӯйи марҳами лутфаш,
Ки захми сӯзане аз вай ба сад марҳам намеарзад.
Ба як ҷав гар суъуди Муштариро чарх бифрӯшад,
Набояд муштарӣ гаштан, ки як ҷав ҳам намеарзад
Парию одамӣ дар дасту мурғи бод дар фармон,
Бар ангушти Сулаймон заҳмати хотам намеарзад.
Агар ҳар одамеро ҳашт ҷаннат мешавад ҳосил,
Ба як зиллат, ки содир гашт аз Одам, намеарзад.
Нашояд тозарӯ будан ба оби дигарон, Носир,
Ки хандон гаштани гул гиряи шабнам намеарзад.