Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Чу ишқат чанги ғам дар ҷони ман зад,

Чу ишқат чанги ғам дар ҷони ман зад, Дил аз шодӣ равон ҷон доду тан зад. Ман аввал раҳбари ислом будам, Ба охир қавли мутриб роҳи ман зад. Сабо бӯе зи хоки кӯят овард, Ки гул чоке ба ҷайби пираҳан зад. Саҳаргаҳ ғунча даъво бо рухат кард, Чинораш дасти ғайрат бар даҳан зад. Насими субҳ бар зулфи ту бигзашт, Ҳаромӣ корвоне аз Хутан зад. Зи сунбул ҳалқа-ҳалқа бар гул овехт, Зи савсан даста-даста бар суман зад. Ривоҷе ёфт динори маонӣ, Ки Носир сиккаи нав бар сухан зад.