Гар ба хунрезӣ он турки Хито бархезад,
Гар ба хунрезӣ он турки Хито бархезад,
Чӣ савоб ояду он гаҳ чӣ хато бархезад.
Қосиде нест, ки орад хабари дӯст ба дӯст,
Магар ин дӯстӣ аз дасти сабо бархезад.
Дида за нури таҷаллӣ бинамояд дидор,
Гар зи ойинаи дил ранги риё бархезад.
Тани ман хоки дари тусту ба бӯе зинда,
Ки ба маҳшар зи сари кӯи шумо бархезад.
Чашми фаттони ту фитна-сту намедорӣ гӯш,
То набояд, ки ба ҳар гӯша бало бархезад.
Мард агар кӯҳ бувад, пой кашад дар доман,
Гард бошад, ки ба ҳар бод зи ҷо бархезад.
Хоки Носир агар аз оташи ту рафт ба бод,
Ҳошалиллаҳ, ки аз ӯ гарди фано бархезад.