Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ҳар кӣ мардона ба ишқ аз сари ҷон бархезад,

Ҳар кӣ мардона ба ишқ аз сари ҷон бархезад, Дар нахустин қадам аз ҳар ду ҷаҳон бархезад. Дар қиёмат, ки ба бӯйи ту шавад ҷон зинда, Танам аз ҷон ба вафои ту равон бархезад. Чун сар аз хок барорам, гули рӯят бинам, Наргис аз хоби сабӯҳӣ нигарон бархезад, Дил, ки аз партави рӯи ту ҳавоӣ гардад, Дар ҳаво заррасифат рақскунон бархезад. Дар чаман гар бикушоӣ чу гул аз рух парда, Аз дили булбули шӯрида фиғон бархезад. Тир агар рост бигӯяд сифати абруи ту, Бонги зеҳ аз қади дутоҳи камон бархезад. Бинишинам ба ту, эй ёри сабукрӯҳ агар, Бахти бадбахти ман аз хоби гарон бархезад. Ҳамчу шамъ аз дили Носир равад оташ ба забон, Лоҷарам, шуълаи нураш зи забон бархезад.
Ҳар кӣ мардона ба ишқ аз сари ҷон бархезад, | Шоирон