Гуфтам, ки даме биншин, то фитна набархезад,
Гуфтам, ки даме биншин, то фитна набархезад,
Гуфто: Набувад ошиқ, к-аз фитна бипарҳезад.
Гуфтам: Ҳама фитна аз заҳмати ҳиҷрон аст,
Гуфто: Чӣ бувад хиҷрон, чун ишқ даромезад.
Гуфтам: Зи хуми ваҳдат ҳар ҷом ба ҳар рангест,
Гуфто, ки муҳит аз мавҷ сад нақш барангезад.
Гуфтам, ки шавам оқил в-аз ишқи ту бигрезам,
Гуфто, ки мурад ташна, аз об чу бигрезад.
Гуфтам, ки ҷафо кам кун, то сар накашам аз хат,
Гуфто, ки хами зулфам дар гарданат овезад.
Гуфтам, ки рухат бинмо дар хоб ба муштоқон,
Гуфто, ки дигар як кас аз хоб набархезад.
Гуфтам, ки ба рӯйи ту дорад назаре Носир,
Гуфто, ки чаро аз чашм хуноба намерезад?