Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Чун зи кӯят ҳар саҳар бӯе ба гулшан мерасад,

Чун зи кӯят ҳар саҳар бӯе ба гулшан мерасад, Ғунчаро чоки гиребон то ба доман мерасад. Мо асири ҳаҷру доим дар висоли ту рақиб, Шоҳро ганҷу гадоро кунҷи гулхан мерасад. Чархро аз нолаам мебигзарад тир аз сипар, Моҳро аз оҳи ман оташ ба хирман мерасад. Субҳдам бар ман бисӯзад осмонро дил з-меҳр, Гар бад-ӯ як дам занам з-он ғам, ки бар ман мерасад. Эй дили ман, чоки ҳиҷрони ту хоҳад ёфт васл, Инак аз мижгон раҳоварди ту сӯзан мерасад. Хотири маҳҷури дарвеше ба маъво мекашад, Қолаби ранҷури мискине ба маскан мерасад. Дида мебинад рухатро, дил ҳамебинад фурӯғ, Хонаи торикро нуре зи равзан мерасад. Сӯйи Мисри хеш, Носир, кӯрии Фиръавнро Чун Калимуллоҳ аз водии Айман мерасад.