Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Моро, ки дил бар оташ аз ғам кабоб бошад,

Моро, ки дил бар оташ аз ғам кабоб бошад, Маҳрам пиёла гардад, ҳамдам шароб бошад. Ҳаргиз зи ганҷи ҳуснат доди дилам надодӣ, То кай зи чашми мастат олам хароб бошад? Чашмат камони абрӯ овард то буногӯш, Тираш хато наафтад, айни савоб бошад. Гуфтам ба чашми шӯхат то кай зи хоб мастӣ? Гуфто, ки кори наргис мастию хоб бошад. Чун аз сабо барояд ғарқи арақ ҷабинат, Бар лола жола борад, бар гул гулоб бошад. Дар ҳимматам висолат чун маҳ дар авҷ гардад, Дар дидаам хаёлат чун дур дар об бошад. Аз мушки ноби мӯят дар нофа печ афтад В-аз офтоби рӯят дар моҳ тоб бошад. Кардам савол аз хат, аз лаб ҷавоб додӣ, Тӯтӣ, ки хӯрд шаккар, ширинҷавоб бошад. Осон бувад ба ваҳдат фардо ҳисоби Носир, Воҳид адад надорад, то дар ҳисоб бошад.